Соли 2025 дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мешавад

Март 11, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати миллати тоҷик соли 2025 дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ин иқдом аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои баргузор намудани Ҳафтаи кинои тоҷик дар якчанд давлати ҳавзаи масъули сафорат, аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайиланд филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон тибқи тартиб бо зерматни англисӣ намоиш дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 7 октябри соли 2024 бо мақсади муаррифӣ намудани Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар китобхонаи ҷамъиятии Селангори Малайзия (PPAS) филми «Рустам ва Сӯҳроб» ба намоиш гузошта шуда буд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Март 11, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид