Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид

Март 22, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои узвро барои ҳалли самараноки ин чолишҳо таъкид доштанд.

Ҳамзамон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» бо ибтикори Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои варзиш, аз ҷумла футбол муҳим арзёбӣ гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва баргузории конфронсҳои дарпешистода, аз ҷумла Конфронси СММ бахшида ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» соли 2028 дар Душанбе табодули афкор анҷом дода шуд.

21 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Дабири кулли СММ, муовини маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ин Барнома, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа низ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Раёсат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA), аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар самти пешбурди се рукни рушди устувор – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба талошҳои муштарак дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29 — 31 майи 2025) ва Конфронси СММ бахшида ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (Душанбе, соли 2028) табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид