Тоҷикистон ва Чили дар СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба «Ҳадафҳо барои обшавии ях: криосфераи дақиқ» баргузор намуданд

Март 25, 2025 10:15

ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд «Ҳадафҳо обшавии ях: криосфераи дақиқ» баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ҷанбаҳои асосии соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида буд, иброз намуд. Баҳодур Шерализода иштирокдоронро ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.

Дар чорабинӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Чили дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, олимон ва намояндагони пешқадам аз созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои гуногун масъалаҳои муҳимро ба монанди навсозии илми криосфера дар соли 2025, роҳҳои устувории мутобиқшавӣ ба гармии кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлатро баррасӣ намуданд.

Иштирок дар ин чорабинӣ аҳамияти ҳамоҳангсозии глобалӣ ва табодули таҷриба дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйириёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро таъкид кард. Қабули ташаббус дар бораи эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ташкили Конфронси банақшагирифташуда дар Душанбе аз талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи муҳити зист ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори Тоҷикистон ва роҳбарияти он шаҳодат медиҳад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2025 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд