Тоҷикистон ва Чин барои коркарди захираҳои маъдан корхона таъсис медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди захираҳои маъдан ва рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар масъалаҳои вобаста ба он 7 март зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо ҳайати шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, инчунин тавсеаи имконоти логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чинро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва инфрасохтори нақлиётиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо назардошти таҷрибаи шаҳри Қошғар дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коркарди захираҳои табиӣ зарурати таҳияи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






