Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шарикиро дар самти рушди нерӯи сабз тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /НИАТ «Ховар»/. Вазъи феълии шарикии гуногунсоҳаи Душанбе ва Брюссел дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти рушди нерӯи сабз, таҳкими иттисоди нақлиётӣ дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба рушди низоми маорифу тандурустӣ, рақамикунонӣ, амният ва дигар мавзуоти мавриди эҳтимоми тарафайн, инчунин бобати ҳадаф ва нақшаҳои баъдӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷонибаю байниминтақавӣ табодули афкор намуданд.
Аҳамият ва зарурати вусъати шарикии амалии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз самтҳои муҳимтарину ояндадори ҳамкории дуҷониба арзёбӣ мегардад, таъкид шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






