Ҳунарманд Ихволой Раупова: «Дар армуғонҳои кулолиамон бештар нақши адрасу чаканро истифода мебарем»

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии аҳолии мамлакат, рушди истеҳсолот, тақвияти худшиносии миллӣ, ҷалби сайёҳон ва дар маҷмуъ, муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанги миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина нақши занону духтарон дар рушди ҳунармандӣ назаррас аст. Занону духтарони тоҷик, ки эҷодкору ҳунарманд мебошанд, ойину суннатҳои миллати тоҷикро на фақат зинда нигоҳ доштаанд, балки онҳоро эҷодкорона такмил додаю ҳунари волои Зан-Модари тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.
Ихволой Раупова аз зумраи занони ҳунарманде аст, ки бо касби омӯзгорӣ, ҳунари кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ ва ошпазии худ дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардидааст.
Ихволой ҳунари кулолгариро аз падараш омӯхта, дар хонаи шавҳар онро то имрӯз рушд медиҳад. Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки дар оилаи кулолгар ба воя расида, ба оилаи кулолгар келин шуда омадааст.
«Ман дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ нозукиҳои ин касбро аз падарам, ки кулолгар буд, омӯхтам. Аз ин рӯ ҳангоме, ки ба ин оилаи кулолгарон келин шуда омадам, ин касб барои ман душворӣ надошт»,-иброз дошт Ихволой Раупова.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, онҳо ба таври оилавӣ ба ин касб машғул ҳастанд. Зимни суҳбат бо ин зани ҳунарманд аён гардид, ки нисбат ба касбаш завқи баланд дошта, тахайюлоти бою рангини ӯ касро ба ҳайрат мегузорад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо дар озмуну фестивалҳо ба намоиш-фурӯш гузошта мешавад. Онҳо бо чандин мағозаи армуғонфурӯшӣ шарномаи ҳамкорӣ доранд, ки ин ба рушди истеҳсолот ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Ихволой Раупова гуфт, ки барои омода намудани маснуоти кулолгарӣ хоки сурхро аз деҳаи Қаратоғ дастрас менамоянд.
«Аввал хокро мебезем, баъд аз он дар зарфҳои калон бо илова намудани об лой тайёр мекунем. Лойро дар рӯйи матои пахтагин тунук менамоем, то обаш каме хушк шавад. Пас аз он бо гили омоданамудаамон ба сохтани маҳсулоти кулолӣ шуруъ менамоем. Мо бо ду усул кӯзаҳои кулолӣ омода менамоем. Яке дар рӯйи чарх омода мегардад, дигаре дар қолабҳо. Ҳуштакчаҳо ва дигар армуғонҳоро бо дастонамон месозем»,-изҳор дошт ин зани кулолгар.
Ҳунарманд мегӯяд, ки онҳо дар замини наздиҳавлигияшон ду коргоҳи хурди кулолгарӣ ва меҳмонхонаи қадимӣ бо нақшу нигори миллӣ сохтаанд, ки бо дизайни ҷолиб ва хӯрокҳои болаззати миллӣ диққати мизоҷон ва меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.
«Сайёҳони дохилӣ ва хориҷие, ки ба тамошои устохонаи мо меоянд, ҳатман аз маснуоти кулолгарӣ харидорӣ намуда, маззаи таомҳои пухтаи моро мечашанд. Гардишгаронро бо меҳмондории тоҷикона пешвоз гирифта, гусел менамоем»,-иброз дошт Ихволой Раупова.
Ин ҳунарманд мегӯяд, ки дар армуғонҳои омоданамудаашон бештар нақши адрасу чаканро истифода мебаранд. Ба мазмуни он нақшҳои зебое, ки давоми асрҳо ба фарҳанги миллати тоҷик зебоӣ бахшидаанд, диққати махсус медиҳанд. Маҳсули дастони ин зани ҳунарманд як гӯшаи манзили хориҷиёнро зеб медиҳад.
«Ҳар луқмаи даҳони мо аз меҳнати ҳалоли дастонамон аст»,-мегӯяд ҳунарманд.
Инчунин ин зани ҳунарманд ба занони деҳа ва хонандагони Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Шаҳринав нозукиҳои касби кулолгариро меомӯзонад. Дар баробари ин ба занону ҷавондухтарони хоҳишманд ҳунару маҳорати кадбонугӣ омӯхта, тарзи пухтани таомҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳои лазизро ёд медиҳад.
Бо мақсади васеъ намудани коргоҳи кулолгарӣ ва таъсиси ошхонаи миллӣ тасмим гирифтааст, ки соли равон барои дарёфти гранти президентӣ лоиҳаи грантӣ пешниҳод намояд.
«Дар айни замон ман дар хона ба занони деҳа тарзи омода намудани хӯрокҳои миллиро меомӯзонам. Аз ин рӯ мехоҳам ошхонаи замонавӣ бо сохти миллии муосир дошта бошем, ки барои занони сайёҳ низ ҷолиб бошад ва онҳо низ ба омӯзиши хӯрокҳои миллӣ ҳавасманд гарданд», — изҳор дошт Ихволой Раупова
Аз ин бонуи ҳунарманд пурсидем, ки барои як зан омӯзгор, кулолгар, қуроқдӯз ва кадбону будан душвор нест?
«Ҳамаи заҳматҳои мо, занон барои осудагии рӯзгор, хушбахтии фарзандону аҳли хонавода ва хушиҳои зиндагӣ аст. Бо вуҷуди он ки кори мо душвор аст, зимни иҷрои он мушкилӣ мекашем, вале новобаста ба ин, ман касбамро дӯст медорам ва аз уҳдаи касби интихобнамудаам ба хубӣ мебароям. Зеро гуфтаанд, ки «Шавқ агар раҳбар шавад, сад мушкил осон мешавад». Аз ин рӯ ман занону ҷавондухтарони деҳотро даъват менамоям, ки ба ҳунарҳои дастӣ рӯ оранд, зеро аз ин ҳисоб метавонанд ризқу рӯзии хубе пайдо намоянд. Имрӯз сайёҳони зиёде ба мамлакати мо меоянд, ки ин роҳи хуби даромад барои оилаҳои деҳот мебошад»,-андеша дорад ҳунарманд.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ барои ҳунармандон имкон фароҳам овард, ки тавассути чорабиниҳои оммавӣ ва намоишгоҳҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд. Ин хонаводаи ҳунарманд низ дар доираи барномаҳои гуногун борҳо молу маҳсулоташонро дар хориҷи мамлакат ба намоиш баровардаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»