Вобаста ба мақом ва саҳми занон дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо конференсия баргузор шуд

Март 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст, ки имсол бори аввал гузаронида мешавад.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул намуд, ки тибқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз  ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, эълон шуданд.

Бахшида ба ин сана 18 март дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзуи «Мақом ва саҳми занон дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории конференсия муайян намудани чолишҳои нав ва имконоти ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби қишри ояндасози ҷомеа дар баробари мардҳо, бахусус занон мебошад.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наве мегузорад, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад. Давоми даҳсолаҳои охир коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар мавзеи сароби дарёҳои асосӣ, ки бар асари тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқуъ пайвастааст, дар минтақаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад.

Вобаста ба ин ҳолат Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад. Ниҳоят 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномае қабул намуд, ки тибқи он пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иттифоқи оро ҷонибдорони худро пайдо намуд.

Дар конференсия мутахассисону коршиносон доир ба мавзуи баррасишаванда сухан гуфтанд. Гуфта шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои мухталиф, дар ин муддат масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст. Таъкид гардид, ки бо назардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Март 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад