Зулфия Давлатназарова: «Бо ихтирои навъҳои нави серҳосили зироати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем»
ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 март дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштанд, ки «имрӯз занону духтарон– кормандони Академияи миллии илмҳо дар соҳаҳои физикаи ядро, математикаи назариявӣ ва амалӣ, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва зоология, инчунин илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ фаъолияти пурсамар доранд».
Воқеан, ҳам имрӯз занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо ба таври назаррас фаъолият менамоянд. Яке аз занҳои фаъол сарходими илмии озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зулфия Давлатназарова мебошад, ки бештар аз 20 соли фаъолияти илмиашро ба бахши биохимия ва биотехнологияи муосир бахшида, дар натиҷа навъу дурагаҳои ояндадори картошкаро ба даст овардааст. Ӯ соли 1989 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, се сол дар Институти генетикаи молекулавии шаҳри Москва илми биотехнологияро бозомӯзӣ намуда, дар дастовардҳои институт саҳми хеле калон дорад.
Барои тавсеа додани таҷрибаҳои илмӣ ӯ ба Амрико, Ҳолланд, Шветсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Малайзия ва Исроил сафари хизматӣ намуда, усулҳои навинро омӯхта, дар биотехнологияи муосири тоҷик ворид намудааст. Зулфия Давлатназарова дар якҷоягӣ бо ҳамкоронаш муаллифи навъҳои картошкаи «Тоҷикистон», «Файзобод», «Академияи илмҳо-1», навъи картошкаи ширин (батат)-и «Шоҳин» мебошад. Ҳамчунин навъҳои нави картошка ва гандумро зери омӯзиши илмӣ қарор додааст.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «ҳанӯз аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ аввалин озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология ташкил шуда буд. Ҳадафи ниҳонии он ба даст овардани навъҳои серҳосилу ояндадори зироати кишоварзӣ ба шумор мерафт. То кунун дар ин озмоишгоҳ даҳҳо олимони тоҷик корҳои мураккаби илмӣ анҷом додаанд, ки дар баланд бардоштани устувории зироати кишоварзӣ ба хушкӣ, шӯрии замин ва касалиҳо хеле назаррас мебошанд».
Бояд гуфт, ки Зулфия Давлатназарова дар қатори дигар олимони ин озмоишгоҳ дар ихтирои навъи картошкаи «Тоҷикистон», ки дар лӯндаҳояш нисбат ба дигар навъҳои картошка миқдори зиёди оҳан дорад, саҳм гузоштааст. Чунин навъи картошка барои пешгирии касалии камхунӣ дар одамон хеле зарур мебошад. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ин навъи картошка бештар аз 7 сол омӯхта шуда, ба истеҳсолот тавсия дода шудааст.
Ба андешаи мавсуф, давоми даҳ соли охир аз тарафи олимони тоҷик дар натиҷаи истифодаи усулҳои нави биотехнологӣ навъҳои нави ояндадори картошка, ба монанди «Дӯстӣ», «Файзобод», «Муъминобод», «Тоҷикистон», «Рашт», «Файзи Истиқлол», «Мастчоҳ», «Академияи илмҳо-1», «Нилуфар» ва ғайраҳо ба даст оварда шуда, ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва ҳифзи навъҳои нави Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш дар минтақаҳои гуногун супорида шуданд. Ин навъҳои картошка ҳоло дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат- Лахш, Рашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристон, Ховалинг, Файзобод ва ғайраҳо афзун гардонида мешаванд. Навъи нави картошкаи «Тоҷикистон» дар аксари ноҳияҳои картошкапарварии мамлакат дар майдони бештар аз панҷ ҳазор гектар кишт гашта, ба деҳқонон муяссар шуд, ки аз он ҳосилнокии 35-40 тонна аз як гектарро ба даст оранд. Кишти ин навъ инчунин дар кишти тобистона низ ҳосилнокии бештар аз 25-28 тонна аз як гектарро таъмин намуд.
Ҳоло олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ҳамкориро бо олимони Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида, бо усулҳои биотехнологӣ солим гардонидани тухмиҳои картошка, гандум, лубиёгиҳо, пахта, топинамбур ва дигар зироатро давом дода, дар шароити истеҳсолот онро татбиқ менамоянд.
Зулфия Давлатназарова мегӯяд, ки дар оянда мақсад дорад ҳамроҳ бо ҳамкасбонаш боз навъҳои нави серҳосили зироати кишоварзӣ ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»






