АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар ташвишовар мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25 апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии мамлакат ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар ин робита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки барои ҷорӣ намудани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти неруи барқ Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар қонунгузории мамлакат барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид.
Дар машварати корӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, вусъатбахшии ҷараёни васли ҳисобкунакҳои барқии муосир ва амалисозии тадбирҳои дигари пешбинишуда дар самти паст кардани талафоти неруи барқ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои муайян намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудаанд.
Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он ҳамчун масъалаи меҳварии таъминкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба чораҷӯӣ карда шавад.
Инчунин бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва тақвияти раванди татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба вазорату идораҳои марбута ва роҳбарони лоиҳаҳо бори дигар таъкид намуданд, ки назорати раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро хусусан дар самти кам кардани талафоти неруи барқ дуруст ба роҳ монда, барои сари вақт ва босифат баргузор намудани озмунҳои харид ва иҷрои қарордодҳои басташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар оилаи ҷумҳурӣ мушаххас фаҳмонанд.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






