Ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доир ба натиҷагирии ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар он натиҷаҳои арзёбии миллӣ оид ба истифодаи далелҳо дар таҳияи сиёсатҳои тандурустӣ муаррифӣ ва муҳокима карда шуданд.
Дар идома барои таҳияи «Харитаи роҳ» мубодилаи афкор намуда, таҳияи чунин ҳуҷҷати муҳимро барои беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ дар минтақа зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Таҳияи харитаи роҳ афзалиятро барои таҳкими иқтидори институтсионалӣ, ҳамкории ҷонибҳо ва сохторҳои идоракунӣ дар самти татбиқи қабули қарорҳои ба далелҳо асосёфта муайян менамояд. Нақшаи амал аз ҷониби шуъбаи таҳлили тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар оянда таҳия ва тасдиқ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






