Аз Ҳисор 58 нафар ба даври минтақавии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз шаҳри Ҳисор 41 нафари аз 12 то 17-сола ва 17 нафари аз 18 то 35-сола — дар маҷмуъ 58 нафар ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Дар даври якуми интихобии озмун дар шаҳри Ҳисор аз ҷамоатҳо, муассисаву ташкилот аз рӯи номинатсияҳо 1340 нафар иштирок карда, 173 нафар ба даври шаҳрӣ роҳ ёфт.
Соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад.
Соли 2025 бо дастури Пешвои миллат ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тибқи он, имсол барандагони Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан бо 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






