Баҳодур Шерализода дар Самарқанд доир ба омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо маълумот дод

Апрель 5, 2025 19:33

ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар доираи Форумии иқлимии Самарқанд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ ба таҳдидҳои буҳрони сегонаи планетарӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Баҳодур Шерализода нақши калидии ҳамкории минтақавиро барои рафъи таҳдидҳои иқлимӣ ва экологӣ таъкид намуд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба масъалаҳои мутоқбишавӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки барои Осиёи Марказӣ аввалиндараҷа аст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати амалҳои муштаракро барои коҳиш додани оқибатҳои биёбоншавӣ, таназзули хоки заминҳо ва обшавии пиряхҳо таъкид кард.

Ҳамзамон доир ба омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, маълумот дода шуд.

Тавре тазаккур дода шуд, ин чорабинӣ дар доираи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, баргузор мегардад.

Иброз гардид, ки Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба платформаи андешидани тадбирҳои глобалӣ барои муҳофизати пиряхҳо табдил хоҳад ёфт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2025 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид