Барои оилаҳои хонаҳояшон дар натиҷаи заминларза вайроншудаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар мавзеъҳои амн қитъаи замин ҷудо карда мешавад

Апрель 18, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.Барои оилаҳои хонаҳояшон дар натиҷаи заминларза вайроншудаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод барои бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад. Дар ин хусус 17 апрел Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои марбута супориш доданд.

Роҳбари давлат ба мақомоти дахлдор барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрокворӣ ва мавриди ниёзи аввал, бо назардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида супориш доданд.

Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти мамлакат барои ба тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумот, дар ин ноҳияҳо дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  дигар иншоот зарар дидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад