Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд

Апрель 16, 2025 13:22

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи сокинони маҳал, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар мавзеи «Кӯли Душанбе», воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ҳашари дастҷамъонаи нарм кардани бехи ниҳолҳои дарахтон гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи асосии ин иқдом — нигоҳубини ниҳолҳои шинонида ва беҳтар кардани шароити сабзишу нашъунамои онҳо мебошад. Зимни ҳашари дастҷамъона бехи ниҳолҳо нарм карда шуда, нуриҳои маъданӣ пошида шуданд, ки ба таъмини беҳтари об ва ғизо ба решаҳои ниҳоли дарахтон ва нашъунамои онҳо мусоидат менамояд.

Чунин ташаббусҳо дар самти ободонӣ ва сабзгардонии муҳити зист дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ба раванди пешгирӣ аз меъёри бесобиқаи гармшавии иқлим мусоидат менамояд.

Ҳашарҳои экологии ҷамъиятӣ минбаъд низ дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ идома меёбанд, то барои насли имрӯзу фардо муҳити зисти тозаю солим таъмин карда шавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 16, 2025 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа