Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 апрел, соати 02:40 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, маркази заминларза дар километри 176-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 38-уми самти шарқи ноҳияи Рашт, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будааст.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар Рашт 2-3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






