Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Апрель 16, 2025 14:26

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Имсол шумораи иштирокчиёни даври якуми озмун ба маротиб зиёд гардида, аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия 33 нафар, математика 87 нафар ва технологияи иттилоотӣ 133 нафар, дар маҷмуъ 253 нафар иштирок намуданд.

Озмун аз рӯи дигар номинатсияҳо дар донишгоҳ то 18 апрел идома меёбад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

 

Апрель 16, 2025 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд