Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо теъдоди 1760 хатмкунанда дар Рӯзи дарҳои кушод, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади бештар ҷалб намудани довталабон баргузор шуд, фаъолона иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода роҷеъ ба имконияти донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ-инноватсионии он, шароити таҳсил, хобгоҳи замонавӣ, мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусӣ, марказҳои инноватсионӣ, технопарки «Фановар», IT-Park, имконоти идомаи таҳсил дар хориҷи ҷумҳурӣ, ҳамкории донишгоҳ бо корхонаҳои бонуфузи мамлакат, тақсимоти хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор ва имконияти рушди касбии ояндаи онҳо сухан намуд.
Иброз гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, давоми фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зиёда аз 18 ҳазор мутахассиси рақобатпазир тайёр намудааст. Ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат фаъолият менамоянд.
Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботи стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои иқтидори баланди илмӣ–педагогӣ ва пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад.
Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки донишҷӯён дар марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн иштирок намуда, маҳорати касбияшонро метавонанд тавсеа диҳанд ва нозукиҳои дӯхтани сарулибос, зардӯзӣ, расмкашию нақшбандӣ дар арғумонҳоро азхуд намояд. Инчунин дар донишгоҳ аз рӯйи 30 ихтисос машғулияти кӯтоҳмуддати таълимӣ-сертификатсионӣ амал менамоянд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо 140 таълимгоҳи олии хориҷи мамлакат ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи ҷумҳурӣ даъват карда шуда, аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд. Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ донишгоҳ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷӯён барои дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудан имконияти васеъ фароҳам меоранд. Дар назди донишгоҳ фаъолият намудани Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён зеҳни сунъӣ ва забонҳои муосири барномасозиро азхуд намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро азхуд намоянд. Дар ин марказ се устоди варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд. Донишгоҳ аз рӯйи 53 ихтисос дар зинаи бакалавр мутахассис тайёр мекунад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ ихтисоси нав – зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.
Хатмкунандагони муассисаҳо бо факултетҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионии донишгоҳ шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон













Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






