Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бо мақсади татбиқи Консепсияи миллии тарбия вохӯрӣ доир шуд

Апрель 28, 2025 18:50

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вохӯрии роҳбарияти донишкада бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз дошт, ки «падару модаронро зарур аст ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, муҳофизи марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ ва донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то фарзандон ба муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд».

Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус бисёр муҳим ва дорои аҳаммияти хос мебошанд: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».

Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд, то мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза фарзандони солим ва боодобу фозил тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд. Ба ин хотир, таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва азхуд намудани касбу ҳунар аз ҷониби наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳу ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сол то сол зиёд мегардад. Дар консепсия таъкид шудааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.

Ректори донишкада изҳор намуд, ки моро зарур аст барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модарону омӯзгорон ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият бахшем.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа ва миллату давлат мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таъкид гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар волидайн масъул аст, ки барои маърифатнок гаштани фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ректори донишкада ба падару модароне, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил мекунад, изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бо Сипосномаи донишкада қадрдонӣ намуд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

 

Апрель 28, 2025 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд