Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 114 миллион сомонӣ сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2023 11 фоиз зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳамзамон Раиси Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ Ҳоким Холиқзода дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 107 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 41 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 36 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 9 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 17 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 4 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» рост меояд.
Соли 2024 дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 24 субъект ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 7 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 9 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 6 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 2 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» рост меояд.
Ҳамзамон аз шумораи умумии корхонаҳои сабтшуда 6 корхона бо 157 ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои 1625 нафар ҷойи кор таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба 2499 миллион сомонӣ расидааст. Ҳоло аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ металлоконструксия, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангубори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, мотороллерҳои барқӣ, дару тирезаҳои чӯбин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел ва маводи шустушӯӣ истеҳсол мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2024 ба 523 миллион сомонӣ (76 миллион сомонӣ нисбат ба соли 2023 зиёдтар) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 2988 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Аз оғози фаъолият то имрӯз аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба буҷети давлатӣ 386 миллион сомонӣ боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пардохт карда шудаанд, ки нисбат ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор ва нигоҳдории минтақаҳои озоди иқтисодӣ қариб 3,5 маротиба зиёд аст. Таъкид шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 30 марти соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаҳои ҶДММ «Тоҷпанел» ва марҳилаи дуюми истеҳсолии ҶДММ КМ ТТ «Афранг Пластик» расман ифтитоҳ гардиданд.
Тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ, самти фаъолияти ҶДММ «Тоҷпанел» ба истеҳсоли ҳар гуна масолеҳи бинокорӣ (панелҳо) равона гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ зиёда аз 5,5 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он 30 000 метри мураббаъ панелҳо дар як сол мебошад. ҶДММ КМ ТТ «Афранг Пластик» тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ машғул буда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона 4000 тонна профилҳои пластикӣ дар як сол буда, ҳангоми пурра ба кор оғоз намудани он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шурои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблии Шурои нозирон ва ҳисоботи роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти минтақаҳо дар соли 2024 шунида шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини Раиси Шуро Завқӣ Завқизода дар муҳокимаҳо иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклифҳо пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи принсипи «Равзанаи ягона» дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ ба иттилоот дар бораи маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшаванда ва мусоидат ба рушди тиҷорати байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) онлайн- каталоги маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ (www.catalog.fez.tj) таҳия ва амалӣ гардидааст, ки дар ҷаласа муаррифӣ карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шурои нозирон ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти онҳо тавсияҳо дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






