Дар Душанбе доир ба беҳтар гардонидани сифати ғизо ҳамоиш доир шуд

Апрель 22, 2025 18:22

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба беҳтар гардонидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш бо мақсади  таъсиси «Фонди миллии гардиш» «премикс» дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъалаи ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, давоми солҳои охир қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 4 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани  ин масъала мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун давлати 42-юм ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) дохил гардид. Аз соли 2015 дар мамлакат Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизо фаъолият дорад. Ба он тамоми намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил мебошанд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд