Дар Душанбе сохтмони яке аз иншооти зеботарин дар Осиёи Марказӣ -Театри миллӣ идома дорад

Апрель 18, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе сохтмони Театри миллӣ, ки он  дар Осиёи Марказӣ  назир надорад, идома дорад.  Хишти аввали иншоотро  17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ниҳода буданд.

Тавре масъулин иброз доштанд,  Театри миллӣ бо шукуҳу шаҳомати худ аз дигар театрҳо фарқ хоҳад кард. Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад.  Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Театри миллии Тоҷикистон аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору дафтарҳои сершумори кории дигар иборат мебошад.

Толори асосии он барои 2500 тамошобин пешбинӣ шудааст.  2 толори дигар- яке 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст хоҳанд дошт. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Театр на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда низ хизмат карда, ҳамчун ёдгории оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ мемонад.

Ба андешаи аҳли фарҳанг, ин иқдоми шоистаи Президенти Тоҷикистон бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати давлатии мамлакат тарбияи насли ояндаи миллат  дар руҳияи фарҳангпарварӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.

Дар айни замон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе сохтмони Театри миллии Тоҷикистон идома дорад. Ин театр дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият дорад. Аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 18, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад