Дар Душанбе вобаста ба содагардонии расмиёти савдо ҷаласа баргузор шуд

Апрель 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди содирот: дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, бартараф намудани монеаҳои маъмурию техникӣ ва содагардонии расмиёти савдо» ҷаласа баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони шарикони рушду бахши хусусӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатию кишоварзии ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами раванди содагардонии расмиёти содирот, мушкилоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунанда, бахусус соҳаи пахтапарварӣ, дарёфти роҳи ҳалли монеаҳои ҷойдошта, рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти ба содирот нигаронида ва дастгирии давлатии содирот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласа директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки унсури муҳими пешбурди истеҳсолот — ин содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти иштирокчиёни савдои хориҷӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» – масъалаи сода намудани расмиёт ва маъмурикунонии савдо мебошад. Дар ин росто ҳамаи вазорату идораҳои марбута бо мақсади иҷрои ҳадафҳои ин барнома мунтазам кор мебаранд.

Иброз гардид, ки дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содагардонии расмиёти савдо ва дастгирии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешбурди содирот, ташаккули низоми содаи расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти иштирокчиёни савдои хориҷӣ ва содагардонии маъмурикунонии амалиёти содиротӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шудаанд.

Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо фаъолият дорад, ки ба маҷмуи масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами соҳаи содирот, аз қабили кам кардани ҳуҷҷатҳои содиротӣ, истифода намудан аз фишангҳои тарифию ғайритарифӣ барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субъектони содиротию воридотии ватанӣ, таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори чаҳонӣ тавассути мутобиқсозии онҳо ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, арзёбӣ намудани қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар савдои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ дар минтақаҳои мамлакат, баланд бардоштани иқтидори касбии субъектҳои хоҷагидор барои фаъолияти босамари тиҷоратӣ аз ҷониби Агентии содирот консепсияи ташкил намудани марказҳои дастгирии содирот ва Мактаби содирот таҳия гардида, созишномаи дахлдор оид маблағгузории таъсис ва фаъолияти ниҳодҳои мазкур аз ҳисоби маблағгузории грантии Бонки ҷаҳонӣ ба тасвиб расонида шуд. Дар назар аст, ки то охири соли 2025 марказҳои дастгирии содирот нахуст дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фаъолият оғоз бахшанд.

Инчунин дар доираи лоиҳаи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ «Баланд бардоштани рушди устувории кишоварзӣ» дар солҳои 2025 — 2026 бунёди 3 маркази агрологистикӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва минбаъд дар доираи маблағгузории иловагӣ бунёди 2 маркази агрологистикӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст. Ин марказҳо ба ҳалли монеаҳои мавҷудаи логистикӣ, аз ҷумла дар самтҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии нақлиётӣ тавассути кам намудани хароҷоти интиқол ва ҳиссаи нақлиёт дар арзиши аслии молу маҳсулоти ватанӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории мутақобили судманд бо ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба логистика мусоидат менамоянд.

Ҳолатҳое мавҷуданд, ки содироткунандагони ватании мо ҳангоми иштирок дар форуму ҳамоишҳои байналмилалӣ шумораи зиёди шартномаю созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд, вален на ҳама вақт онҳоро иҷро менамоянд. Ин омил ба нуфузи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, боиси аз даст рафтани боварии шарикӣ ва коҳишёбии сармояи мустақим мегардад. Бинобар ин, салоҳ шуморида мешавад, ки содироткунандагони ватанӣ зимни бастани шартномаҳо ба имконоти воқеии худ таваҷҷуҳи махсус дода, салоҳиятнокӣ зоҳир намоянд.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки дар назди намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа марказҳои ҳимояи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидори ватанӣ таъсис дода шаванд. Инчунин дар дохили ҷумҳурӣ чунин марказҳо бо ташкили фаъолияти «Маркази тамос» ва ҷалби мутахассисон барои қабули муроҷиатҳои соҳибкорон аз рӯи масъалаҳои ба фаъолияти савдои хориҷӣ алоқаманд ва минбаъд ба баррасии мақомоти дахлдори марбута интиқол додани муроҷиатҳо таъсис дода шаванд.

Таклифҳое, ки аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ва содироткунандагон манзур гардиданд, аз ҷониби Агентии содирот ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ дар Сеул баррасӣ шуд
Дар Тошканд ҷаласаи 45-уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Дар Ҳисор ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавии кишоварзӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд
Дар Ню-Йорк имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
14 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд
Дар Душанбе роҳбарони сохторҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Эрон мулоқот анҷом доданд
Дар форуми «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид