Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бохтар ва Кӯлоб дар доираи мусобиқаи «МегаФон Life бо сабки футбол» аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон бозиҳои ниҳоят ҷолиб доир гардиданд. Маросими ифтитоҳи ботантанаи чорабинӣ ва бозиҳои ниҳоӣ дар минтақа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баргузор шуда, барои ҳамаи дӯстдорони варзиш рӯйдоди муҳим буд.
Ҷашни варзиш бисёр сокинони минтақаро ба ҳам овард: барои мухлисӣ ва дастгирии онҳо дӯстону хешовандони иштирокчиён ҳозир шуда, ҳузури онҳо ба бозиҳо эҳсосоти иловагӣ бахшид. Ҳар лаҳзаи ҳассос дар майдон боиси андӯҳ ё хурсандӣ гардида, тӯбпартоиҳою голҳои зеборо меҳмонон бо қарсакҳои самимӣ истиқбол мегирифтанд.
Дар мусобиқаҳо кӯдакони аз 8 то 12-сола, ки аз ҳисоби дӯстони мактабӣ, дӯстони ҳамсоя ва аъзои гурӯҳҳои варзишии худ дастаҳо ташкил карда буданд, иштирок намуданд. Сарфи назар аз синну соли ҷавони футболбозон ба онҳо муяссар шуд, ки бозии ниҳоят зебо нишон диҳанд. Тамошо намудани руҳияи даставии онҳо ва саъю кӯшиши самимӣ барои ба даст овардани ғалаба хеле гуворо буд.
«Мо хеле зиёд машқ мекардем, ҳар рӯзи мо бо бозӣ мегузашт. Шояд ҳамин ба мо дар ноилшавӣ ба пирӯзӣ кумак намуд. Лекин хеле мушкил буд, мо дар мактаб чунин ҳарифонеро, ки ин ҷо буданд, надорем. Вале акнун мо таҷрибаи бузург дорем. Он ба мо дар марҳилаи навбатии мусобиқа кумак хоҳанд намуд», — изҳор дошт таассуроти хуро бозингари дастаи «Бохтар-сити» Зайниддон Тулкунов.
«Вақте мо ин ҷо меомадем, фикр мекардем, ки ба ғайр аз волидайн дигар касе ба мо мухлисӣ намекунад. Лекин дар асл ба мо ҳатто мухлисони дастаи ҳарифон қарсакҳо заданд! Ин муҳорибаи бошарафона буд. Барои ҳамин мо бе ягон мушкилӣ қобилияти худро нишон додем. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки моро дастгирӣ намуданд!»,-мегӯяд капитани дастаи «Бохтар-сити» Абдуғафор Улфатов.
Варзишгарони ҷавон имконият пайдо намуданд, ки бо футболбозони касбӣ муошират намоянд. Дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони финал дар шаҳри Кӯлоб бозингарони Клуби футболи «Равшан» Абдураҳмон Нозимов ва Шодиҷон Муродов иштирок намуданд.
«Мусобиқа барои сокинони Бохтару Кӯлоб рӯйдоди ниҳоят рангин ва барҷаста буд. Ин на танҳо бозӣ, балки шоуи воқеии варзишӣ буд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ситораи чорабиниҳо кӯдакони одие буданд, ки футболро хеле дӯст медоранд. Ба кӯдакон самимона пирӯзиҳои навро ҳам дар варзиш ва ҳам дар дигар ҷодаҳо орзумандем!»,– изҳор дошт дар ҷамъбасти марҳилаи якум директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Комрон Кенҷаев.
Бозиҳо на танҳо истеъдодҳои ҷавони ҷодаи футболро кашф намуданд, балки инчунин ба платформа барои омӯзиши малакаҳои муфиди рақамӣ табдил ёфтанд. Дар чорабиниҳои мусобиқа мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» кӯдакону калонсолонро бо замимаи мобилии «МегаФон Life», ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра кумак мерасонад, шинос намуданд.
Ба ҳайси шарики мусобиқаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Яхмоси 33» баромад менамояд. Дар рӯзи охирини бозиҳо дар Хатлон ширкат барои варзишгарони ҷавон ва меҳмонони мусобиқа туҳфаи ширин – яхмоси болаззат омода намуд. Ин туҳфа кӯдаконро воқеан хурсанд намуда, фазои мусобиқаро боз ҳам гармтар намуд ва ба ҳама табъи хуши тобистона бахшид.
«Ширкати мо дастгирии ташаббусҳоеро, ки ба кӯдакон барои машғулшавӣ ба варзиш илҳом мебахшанд ва дар пеш бурдани тарзи фаъоли ҳаёт мусоидат мекунанд, хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Мо аз ҳамроҳшавӣ ба мусобиқае, ки барои футболбозони ҷавон барои инкишофёбӣ ва нишон додани қобилияташон имкон фароҳам меорад, ниҳоят шодем. Мутмаинем, ки ин гуна рӯйдодҳо на танҳо дар ноилшавӣ ба муваффақият дар ҷодаи варзиш, балки инчунин дар гирифтани таассуроти барҷастаю рангин ва хотирмон мусоидат менамоянд», — мегӯяд директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Яхмоси 33» Мирзоазим Муминов.
Мусобиқаҳои навбатӣ дар Файзобод, Ҳисор, Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан гузаронида шуда, даври ниҳоӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»











Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






