Дар Китобхонаи миллӣ даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид

Апрель 24, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» хабар доданд.

Зимни баргузории озмун ба иштирокчиён аҳаммияти китобхонӣ ва нақши ин озмун дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид карда шуд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки мақсади баргузории ин  озмунҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба китоб, китобхонӣ ва сохтани ҷомеаи мутамаддин мебошад.

Дар озмун 27 довталаб аз рӯи чор номинатсия иштирок намуд. Аз шумораи иштирокчиён 3 нафар ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онро таҳлил ва баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварӣ меомӯзанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

 

 

Апрель 24, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид