Дар шаҳри Турсунзода маркази табобатии «Осуда» ифтитоҳ гардид

Апрель 21, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода маркази табобатии «Осуда» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар он муолиҷаи бемориҳои  дарди миён ва буғумҳо, диабети қанд, бемориҳои гурда, бемориҳои асаб, бронхит ва астмаи бронхиалӣ,  простатит ва дигар бемориҳо табобат карда мешаванд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховра» иттилоъ доданд, Маркази табобатӣ дорои беш аз 80 кати хоб ва утоқҳои барҳаво буда, ҳуҷраҳо бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз шудаанд. Дар он 20 корманди тиббӣ фаъолият дорад, ки 4 нафари онҳо табибони ботаҷриба мебошанд.

Инчунин дар марказ хизматрасонии парафиндармонӣ, гиёҳдармонӣ, тамрини бадан бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст.

АКС: Мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

Апрель 21, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд