Дар Тошканд ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи 105-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Ҷаласаи Шурои иқтисодиро дар шакли маҳдуд Котиби генералии кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедов оғоз намуд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба сифати Раиси Шурои иқтисодӣ дар ҷаласа оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори назар намуд.
Дар ҷаласа 20 масъалаи муҳими марбут ба ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷараёни татбиқи Консепсияи рушди саноати сабук байни давлатҳои Иттиҳод баррасӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд. Аз натиҷаи он Котиби генералии кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва раиси Шурои иқтисодӣ, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода гузориш доданд.
Дар кори ҷаласаи 105-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2025 ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин замина, дар Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд дар доираи консепсия ва нақшаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон













Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






