Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМТИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Иброз гардид, ки дар солҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико фазои шарикии устувор ва фаъоли рушдкунанда фароҳам гардида, ҳарду давлат дар муносибатҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар ҳамкории самаранок анҷом медиҳанд. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии муносибатҳои шарикӣ бо Амрико баҳои баланд дода, таҳкими равобити мутақобили судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо ин кишварро дар сиёсати хориҷии худ аз самтҳои муҳим мешуморад.
Иброз гардид, ки қонунгузории Тоҷикистон барои ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳуқуқ ва имтиёзҳои баробар пешбинӣ менамояд. Дар робита ба ин, барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ ба таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони Амрико имконияту иқтидори самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, инфрасохтори транзитӣ, саноатӣ ва коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муаррифӣ гардид. «Имрӯз дар Тоҷикистон иқтисоди бисёрсоҳа бо дурнамои рушд шакл гирифта, барои ҳавасмандгардонии сармоягузорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мо тамоми шароитро фароҳам меорем, ки сармоягузорон худро дар фазои эътимод ва боварӣ эҳсос намоянд ва лоиҳаҳои худро дар Тоҷикистон амалӣ созанд», – гуфт муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷамъбасти мулоқот.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад






