ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 19 апрел рост меояд. Ба ин муносибат АМИТ «Ховар» силсиламақолаҳоро дар бораи биноҳои муҳташами пойтахти тоҷикон манзури хонандагон намуд. Ин дафъа мо дар хусуси бинои нави Парлумони Тоҷикистон маълумот медиҳем.
Бояд гуфт, ки қомат афрохтани биноҳои нави замонавии бо усули миллӣ ороишёфта ба шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро ба кулли дигаргун менамоянд. Яке аз ин гуна иншоот бинои нави Парлумони Тоҷикистон мебошад.
Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ- ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Бинои Парлумон шакли росткунҷа дошта, бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ва таҷҳизоти пешрафтаи муҳандисӣ сохта шудааст.
13 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони он санги асос гузоштанд. Сохтмони бинои Парлумон моҳи августи соли 2020 оғоз гардид.
Дар сохтмони маҷмааи бино, ки намои он бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок намуданд. Сохтмони бино дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин ва дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя амалӣ карда шуд.
Маросими ифтитоҳи бинои Парлумон 5 июли соли 2024 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор шуд. Сарони давлатҳо дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзии Парлумон расман ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар бинои замонавӣ шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон баргузор шуд.
Солҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шуда, корҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ амалӣ мегарданд.
Душанбе ҳоло ба шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муҳташами иҷтимоию фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳу осмонбӯси истиқоматӣ, боғҳои дилпазири фароғатӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ, роҳҳои мумфарши сатҳи байналмилалӣ, гулгашту хиёбонҳои дилрабо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ табдил ёфтааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ










НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳар як ҷавон аҳамияти бузург дорад
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»






