Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел чорабинии муштараки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Имконоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, ки дар он таърих, фарҳанг, иқтидори сайёҳӣ ва маконҳои гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муррафӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея, Директори иҷроияи Котиботи Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ китоби доктор Ким Ҷуён роҷеъ ба ҷозибаҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея













Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






