ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон адлия ба мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ табдил ёфт

Апрель 20, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфт. Маҳз истиқлолият саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд. Тағйироти куллии таърихӣ боиси тавлид ёфтани санадҳои нави қонунгузорие гардид, ки то ин дам онҳо ба вуҷуд наомада буданд. Ин матлаб 19 апрел зимни баргузори ҳамоиш ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти адлия баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз моҳи декабри соли 2021 инҷониб 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти адлия  муқаррар карда шудааст.

Гуфта шуд, ки моҳи декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи иҷлосияи сеюм, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд. Тибқи он 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия муайян карда шуд.  Рӯзи кормандони мақомоти адлия санаи аниқ надошт ва ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи октябр намояндагони ин соҳа иди касбии худро ҷашн мегирифтанд.

Мақомоти адлия дар асоси принсипҳои волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофияти хизмат дар мақомоти адлия, ба истиснои фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, ягонагии низоми мақомоти адлия, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ғайриҳизбият фаъолият мекунад.

Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додаст, ки ин анъанаи корӣ то имрӯз давом ёфтаю идома хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.

Дар айни замон  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи давраи нави таърихи пуршараф қарор дорад ва бо иқтидори тахассусӣ ва маънавияш имконияти воқеӣ дорад, ки минбаъд ҳам сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд боэътимод пеш барад, то ки дар он ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шаванд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Апрель 20, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид