Кишоварзони Шаҳринав дар 300 гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамо, кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар мавсими кишту кори баҳорӣ тасмим гирифтаанд, ки дар 300 гектар пунбадона кишт намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Аз 300 гектар кишти пунбадона дар 60 гектараш кишти зери плёнка, ки дар таҷрибаи ноҳия ин усули нав ва бори якум аст, гузаронида мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат баён гардиданд, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавии ноҳия тибқи дурнамо кишти чигит идома дошта, тадбирҳо барои иҷрои нақшаи дурнамои кишт вусъат меёбанд.
Аз ҷумла, дар Кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» кишти чигити зери плёнка дар майдони омодакарда, ки 20 гектарро ташкил менамояд, гузаронида шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия кишти пунбаи зери плёнка бо истифода аз обу ҳавои мусоид гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






