Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷей Банга мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва дастгирии равандҳои ислоҳоти иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти махсус дода, ҷонибдори таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






