Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар воқеъ, рӯди обшори Ому давоми асрҳо моро бо ҳам мепайвандад ва бо баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросими наврӯзӣ андаке гузашта, ҷашни Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз ҳам идома доранд. Чунин ибрози назар намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни маҳфили илмию фарҳангии «Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон», ки 5 апрел дар академия баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар маҳфил як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон иштирок доштанд.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «чун анъана ҷашну иҷрои суннатҳои наврӯзӣ дар мамлакатҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома меёфтааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушӣ аст, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан ба дунболи таҷлили Наврӯз бо ташаббус ва ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин маҳфили зебои илмию фарҳангӣ баргузор мешавад.
Наврӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросими мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ дорад. Мардуми тоҷик давоми таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёде таъсис дода, мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва намуда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат додаанд.
Ҳамин аст, ки яке аз ҷашнҳои бошукуҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктабори ду сӯйи Ому, бешубҳа, Наврӯз аст. Талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик дар таърихи тӯлонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз намуда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат ташаббусу ибтикороти роҳбарияти олӣ дар шахси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.
Дар идома як зумра олимону муҳаққиқон ва шоирону адибони ҳар ду ҷониб доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумла Наврӯз маъруза ва шеърхонӣ намуданд. Маҳфил дар охир бо замзамаи шеъру сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






