Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир мешаванд

Апрель 22, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи фарҳангии  ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Пекин ва Сиян доир мегардад. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод пешниҳод мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Апрель 22, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд