Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд

Апрель 18, 2025 13:26

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд