РУШДИ КИРМАКПАРВАРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент 30 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шуд

Апрель 6, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм дар панҷ гектар тутзор бунёд карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар ин ҷо беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли тути навъи буттагии паҳнбарг шинонида шудааст. Ҳар бехи ниҳоли тут то панҷ кило барг медиҳад ва он барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла чун ашёи хоми саноатӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Ҳоло тутзори нав тибқи қоидаҳои агротехникӣ нигоҳубин ва парвариш шуда, дар канори он садҳо бех дигар навъи дарахтон низ шинонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла чун заминаи воқеӣ барои тавсеаи саноати сабук дар мамлакат эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020-2024» мавриди амал қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 6, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд