Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода дод

Апрель 10, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор дода, бо вазъи корҳои кишоварзӣ  ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.

Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73 мавриди истифода қарор гирифт. Он бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ  сохта шуда, барои  480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, то охири соли равон дар ноҳия боз 4 муассисаи нави таълимии дигар  бунёд мегардад.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки дар оянда дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу кӯдакистонҳои нави  замонавӣ бунёд гардида, барои насли ояндасоз имконияти муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда мешавад.


Ҳамчунин зимни сафар дар ноҳияи Восеъ  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода коргоҳи нави истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро ифтитоҳ намуд. Коргоҳ бо саҳми соҳибкор Шодӣ Султонов бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд карда шуда, 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.

Сарвазири мамлакат дар ноҳия ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказӣ, ки барои 20 000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 85 дарсади корҳо дар иншоот ба анҷом расида, ҳоло дар он насби нишастгоҳҳо ва дигар тадбирҳои ободонӣ идома дорад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.


Дар ноҳияи Восеъ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан кишти пунбадона афзалияти бештар дода, дурнамои кишти он 7570 гектарро ташкил медиҳад. Деҳқонони ноҳия то имрӯз дар 2400 гектар пунба кишт намудаанд. Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Саломуддин ва Восил» бо истифода аз ин рӯзҳои мусоид  майдони кишти чигит, гандум ва дигар зироатро васеъ намуданд.

Дар ҳамин рӯз Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи офатпазири дарёи Ёхсу, воқеъ дар деҳаи Кӯчабоғи ноҳия шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки мавзеъҳои хатарнок дар ноҳия  30 километрро ташкил медиҳанд. Ҳоло бо ҷалби техника ва коргарони маҳаллӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар чанд мавзеъ идома доранд.

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. Сарвазири мамлакат ҳамчунин  бо рафти корҳои саҳроӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди шаҳр шинос гардид.


Корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва бетон дар деҳаи Обшорон аз ҷониби ҶДММ “Рақиб-Р” дар 0,40 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 200 метри мукааб сангу шағал ва 500 мукааб бетонро ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд 20 нафар соҳиби ҷои кор гардид. Инчунин дар кӯчаи 50-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳасан Зарифзода бунёд гардид.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни кишти пунба дар хоҷагии деҳқонии «Давлат Назар» ва ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” шинос шуд. Дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб зиёда аз 31 ҳазор гектарро ташкил дода, то имрӯз дар 10 600 гектар кишт гузаронида шудааст. Деҳқонони шаҳр то имрӯз дар 631 гектар пунба кишт намудаанд.

Дар ноҳияи Балҷувон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Калтачанор шинос шуд. Дарозии ин қитъа 2060 метр буда, дар 1700 метри он корҳо анҷом ёфтаанд.

Сарвазири Тоҷикистон масъулинро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз офати табиӣ ва сари вақт ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Апрель 10, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд