Шабакаҳои 5G: ояндаи рақамӣ оғоз меёбад!

Апрель 15, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Гиперсуръат»-и интернети мобилӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурии мо ояндаи наздик дастрас мегардад. Солҳои 2025-2028 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нақша дорад, ки дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ 200 пойгоҳи базавии стандарти 5G насб намояд. Илова бар ин, барои таъмини эътимоднокии таҳвили босуръати маълумот тақрибан 1 000 километр шабакаҳои нахӣ-нурии алоқа гузаронида мешаванд. Як қисми таҷҳизот аллакай аз ҷониби оператор харидорӣ шудааст. Ҳамин тариқ, то охири сол ҳамгироӣ дар шабакаи коммутатори насли панҷум анҷом меёбад.

Алоқаи 5G – ин суръати интернети мобилии комилан нав мебошад, ки на бо мегабитҳо, балки бо гигабитҳо дар як сония чен карда мешавад. Онҳо назар ба иқтидори технологияҳои қаблан амалишуда 10-20 маротиба қобилияти бештар доранд. Ҳамчунин – таъхири камтарини сигнал ва пайвастагии устувор ҳатто дар шароити сарбории зиёд. Барои истифодабарандагон ин маънои боргирии фаврии филмҳоро ифода намуда, зангҳои видеоии 4К (тасвири комилан возеҳ бо 4 000 пиксел ба таври уфуқӣ), шумораи зиёди видеоҳои 8К ба воқеият табдил меёбанд. Бозиҳои фосилавие, ки фурсати камтарини ҷавобро талаб мекунанд, ба сатҳи нав мегузаранд.

Шабакаҳои 5G қобилияти баланди гузариш дошта, метавонанд фаъолияти яквақтаи ҳазорҳо дастгоҳро таъмин намоянд. Ин барои рушди интернет, воқеияти виртуалӣ ва иловагӣ самтҳои нав мекушояд. Дар заминаи 5G метавонад нақлиёти бесарнишин фаъолият намояд ва соҳаҳое, чун тибби телевизионӣ, таҳсилоти онлайн ва шаҳрҳои ҳушманд рушд хоҳанд намуд. Татбиқи чунин инноватсияҳо ба сифати зиндагии тамоми корбарон таъсир мерасонад.

Сохтмони шабакаҳои 5G дар шаҳрҳои бузург, ки қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ намуда, заминаҳо барои амалӣ намудани технологияи нави алоқа вуҷуд доранд, оғоз меёбад. Ҳамин тариқ, дар Душанбе қисмати аввали шабакаи 5G аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳанӯз соли 2020 амалӣ гардид. Мавҷудияти он ҳамгироии минбаъдаи пойгоҳҳои базавии насли панҷумро осон менамояд. Дар солҳои минбаъда интернети босуръаттарини 5G дар ноҳияҳои Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд –мантиқи рушди шабакаҳои ҳамаи наслҳо чунин аст.

«Татбиқи 5G – на танҳо муосиргардонии шабака аст. Ин қадами устувор дар рушди технологияҳо ва бунёди иқтисоди рақамӣ мебошад. Соли 2020 Душанбе яке аз аввалин шаҳрҳои ҷаҳон гардид, ки дар он алоқаи насли панҷум санҷида шуд. Таҷрибаи бадастоварда ба мо барои дар муддати кӯтоҳ амалӣ намудани шабакаи 5G дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалии технологӣ устувор намудан кумак мерасонад»,- мегӯяд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Апрель 15, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад