Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар бандари Эрон ба 70 нафар расид
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар бандари Шаҳид-Раҷоӣ, воқеъ дар шаҳри Бандар-Аббоси Эрон ба 70 нафар расид. Дар ин хусус хабаргузории «Меҳр» бо истинод ба директор оид ба вазъияти буҳронӣ дар устони Ҳурмузгони Эрон хабар додааст.
Агентӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки корҳои хомӯш намудани сӯхтор ба анҷом расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбеи 26 апрел дар бузургтарин бандари контейнерии Эрон — Шаҳид Раҷоӣ таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш ду бинои наздик ба бандар вайрон шуда, контейнерҳои дорои бор осеб дидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






