Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» иштирок намуд

Апрель 26, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 апрели соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби мазкур ва омодагӣ ба баргузории Саммити сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иброз намуд.

Дар анҷоми ҷаласа Изҳороти иттилоотӣ аз натоиҷи нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд