Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ICBC ва RAMP дар Вашингтон баррасӣ гардид

Апрель 28, 2025 13:24

ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ   Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар Вашингтон бо ҳайати Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) мулоқот намуд, ки зимни он тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо бештар ба масъалаҳои хизматрасонии хазинадорӣ, идора намудани дороиҳо, имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотӣ таваҷҷуҳ  зоҳир намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ инчунин бо директори Департаменти идоракунии дороиҳо, машварат ва идоракунии захираҳои хазинадории Бонки ҷаҳонӣ (RAMP) хонум Катаржина Зайдел-Куровск вохӯрд.

Ҷонибҳо ҳамзамон  оид ба нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, сармоягузорӣ ба воситаҳои молиявии пардохтпазир ва баландсифат, диверсификатсияи захираҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандон тавассути иштирок дар семинарҳо, барномаҳои таълимию таҷрибаомӯзӣ ва кумаки техникии машваратӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият табодули назар намуданд.

         АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Апрель 28, 2025 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст