Тоҷикистон: Дар беш аз 590 ҳазор гектар шудгор гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат то аввали моҳи апрел дар 593 ҳазору 517 гектар шудгор ва дар 102 ҳазору 522 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз майдони киштшуда ғалладонагиҳо 46 623 гектар, гандум 19 350 гектар, ҷав 24 604 гектарро ташкил дода, дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ кишт гардидааст.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишовразии мамлакат, яке аз омилҳои ба даст овардани ҳосили фаровон киштгардонӣ мебошад. Инчунин баъд аз ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ва пиёз мо метавонем дар ин замин зироати донагӣ парвариш намоем ва дар қаторҷӯйҳои он офтобпараст кишт кунем. Пас аз ҷамъоварии зироати донагӣ кишоварзон ҷуворимакка метавонанд кишт кунанд, ки ин ҳам барои дон ва ҳам хӯроки чорво зироати муфид аст. Бо ин амал мо заминҳоро самаранок истифода мебарем.
Агар дар як замин ду ё се сол як зироатро кишт намоем, ҳосили он кам мегардад. Инчунин мо бояд маданияти заминдориро баланд бардорем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар қитъа замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосилро омӯзем.
Агар мо кишти такрориро васеъ ҷорӣ карда тавонем, метавонем ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






