Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба омода намудани дипломатҳои ҷавон санад ба имзо расониданд

Апрель 24, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории ду мамлакат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин ташкили даврҳои омӯзишӣ ва табодули таҷрибаомӯзиро барои дипломатҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд