Тоҷикистон ва Арманистон хостори тақвияти ҳамкории иқтисодӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ва Арманистон тасмим гирифтаанд, ки дар оянда Харитаи роҳ оид ба рушди савдоро таҳия намоянд. Ин нукта дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон, ки 22 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба тавсияи хамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арманистон баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Арманистон мебошад. Соли 2024 табодули мол байни Тоҷикистон ва Арманистон 1,2 миллион доллар ва дар се моҳи соли 2025 1,7 миллион долларро ташкил дод, ки ин омор ҷонибҳоро қаноатманд карда наметавонад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки байни ду давлат имконият ва иқтидори зиёд вуҷуд дорад, ки истифодаи самараноки он ба манфиат ва пешрафти иқтисодиёти ҷонибҳо мебошад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳайати Арманистонро бо иқтидор ва имконияти иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Яке аз хадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи энергияи «сабз» мебошад.
Ҷонибҳо дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ, энергетика, саноат, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноати сабук (нассоҷӣ) ва сайёҳӣ табодули назар намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ва самарабахш иброз намуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ҷонибҳо бояд аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Дар анҷом Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистон ба имзо расид.
Интизор меравад, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон соли оянда дар Ереван баргузор гардад. Ҳамзамон ҳайати Арманистон бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Кохи Наврӯз» шинос мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






