Тоҷикистон ва Кувайт дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Апрель 18, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел мулоқоти муовини якуми  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Тарафҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баён дошта, барои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Апрель 18, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд