Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад

Май 8, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи навсозии шабакаи магистралии нахи оптикии Ҷаъияит саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба алоқа ва технологияҳо таҳти роҳбарии директори департаменти соҳавӣ Холгер Муент баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ сардори Хадамоти алоқа иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо тамоми ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самти ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногун тақвият меёбад.

Иброз шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Дар доираи ин солҳо рушди соҳаи алоқаи мамлакат муҳим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 183 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,04 миллиард евро дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд