Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд

Май 7, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-30 моҳи май дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, идома доранд. Аз ҷумла, ба ин муносибат рангубор ва таъмири роҳҳо, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, насби лавҳаю овезаҳо ва дигар корҳои ташкилию ободонӣ вусъат меёбанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд нахустин чорабинӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо буда, дар он коршиносон, сиёсатмадорон ва сарони кишварҳо ҷамъ омада, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои иқлимиро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳҳо ташкил мегарданд. Дар ин намоишгоҳҳо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, миллии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, институтҳои молиявӣ, академияҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайраҳо имкони иштирок кардан доранд. Ҳадафи ин намоишгоҳҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамкории илмӣ, ки ба соҳаи таҳқиқоти илмӣ, таҳқиқотӣ ва татбиқи таҳқиқоти ҷаҳонӣ равона карда мешаванд, мебошад.

Иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёраро баррасӣ хоҳанд кард. Ин конфронс қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Ҳамчунин меҳмонон-иштирокдорони конфронс ба тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон хоҳанд рафт. Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат дар баробари масъулини мақомоти дахлдор, бояд кӯшиш намояд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани ин чорабинии муҳими байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд. Онҳо бояд дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯча, маҳалла ва шаҳр масъулият эҳсос карда, дар маъракаҳои сабзгардонӣ ва поккорӣ фаъолона иштирок намоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар инкишофи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим доранд. Пиряхҳои бузургтарине, ки дар Тоҷикистон манбаи асосии оби ширин ва оби чашмасоронро ташкил медиҳанд, дар баландкӯҳҳои Помир, Муғон, Бартанг, Зарафшон, Қизилсу, Ғунд, Хингоб ва дигар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат воқеъ гардидаанд. Ин пиряхҳо 75 фоизи оби солона ва мувофиқи таҳлилҳо, 50 дарсади ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд.

Захираҳои обии пиряхҳои ҷумҳуриамон 456,9 км3 -ро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои Ому, Ванҷ, Панҷ, Зарафшон ва дигар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сатҳи оби ин дарёҳо хеле баланд мебароянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 апрели соли равон дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» дар шаҳри Самарқанд иброз доштанд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд».

Тибқи иттилои муҳаққиқон, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шудаанд. Бинобар вазъи баамаломада Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки кишварҳои минтақа якҷоя кӯшиш намоянд ва ҷомеаи чаҳонӣ дар бартарафсозии ин мушкилот бояд ба ҳамдигар кумак расонанд. Итминони комил дорем, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд