ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст

Май 9, 2025 08:45

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло ҷаҳони муосир пур аз тазодҳо аст. Муборизаҳо барои дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Дар робита ба ин 8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба иброз намуданд, ки «равандҳои манфию хатарборе, ки ҳоло ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, хусусан мухолифатҳои шадид байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҳар хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагию фидокорӣ талаб менамоянд. Ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад».

Ватандӯстӣ — таҷрибаи зиндагии наслҳо ва миллатҳо

         Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намуда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз манфиат холӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Воқеан ҳам ҳар яки моро мебояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлату ҷомеа мебошад. Зеро арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонун ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин ҷода равон намояд.

Ҳеҷ чиз муҳимтар аз ҳифзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест!

Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намудаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё намудаанд.

Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди усулӣ ва муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Набояд фаромӯш намуд, ки ин табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо итминони комил иброз доштанд, ки «ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба давлати пешрафтаю неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем».

Бештари афрод вақте ибораи ватандӯстиро мефаҳманд, дар назару афкорашон муҳориба бурдан, дар низою ҷангҳои беамон иштирок намудан ва мардона ҷон доданро пеши назар меоранд. Лек набояд фаромӯш кард, ки ободу зебо, тозаву озода ва сабзу хуррамсозии хоки ин сарзамин барои ҳар соҳибватан қарзи шаҳрвандӣ аст. Расидан ба қадри сулҳу субот, ободии Ватан ва ҳифзи он барои ҳар фари баномус қарзи фарзандӣ аст. Мегӯянд ватандӯстӣ гӯшае аз имондорӣ аст. Сайру гашт дар фазои сулҳу субот, шунидани хандаҳои пиру ҷавон, дидани шодиҳои тифлакон ва шукрона кардан аз ин неъматҳои дошта низ гӯшае аз ватанпарастию ватандӯстӣ мебошад.

Ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад, балки дар амал низ мебояд дӯстории ватану миллатамонро собит намоем. Кӯчактарин амале, ки ҳар фарди ҷомеа метавонад дар нигоҳдошту ободии ин диёр саҳм гузорад, тозагию зебо нигоҳ доштани ҳар гӯшаю канори ин диёр, хондану баланд бардоштани савияи дониш, доштани зиракии сиёсӣ, забондонӣ, машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим ва мудом заҳмат кашидан пайи боло бурдани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Пас, биёед то метавонем дар ҳифзу ободии Тоҷикистон саҳм гузорем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2025 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври сеюми Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мешавад
Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Президенти Тоҷикистон: «50 фоизи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷалб шуда буд»
«БАРОДАРОН, БА МОДАРИ ВАТАН ВАФО КУНЕМ…». Ва ё Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар таърих ҳамто набуд!
Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст