Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» байни наврасон гузаронида мешавад

Май 9, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 — 31 майи соли 2025) таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмун бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни наврасони аз 12 то 17-сола гузаронида мешавад.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба мушкилиҳо дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад. Наврасон тасвирҳояшонро доир ба пиряхҳо ба озмун пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 22 май маросими қадрдонии ғолибон баргузор мегардад. Барои ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

Май 9, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд