ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 май, шанбе, 123-юмин рӯзи соли 2025 аст

Май 3, 2025 08:00

Соли 1904 ихтироъкори америкоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қаламро ихтироъ намуд.

***

3 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии туристӣ муҳокима карда шуд.

***

3 майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷопон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии  Венесуэла эътимоднома супориданд.

***

3 майи соли 2012 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои журналистии мамлакат,  воситаҳои ахбори оммаро қадрдонӣ намуданд. Дар ин рӯз, аз ҷумла Радиои «Ховар» бо ҷоизаи «Падидаи сол» сарфароз гардонида шуд.

***

3 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии «Фазои меъморӣ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москваи Федератсияи Русия Маркази забону фарҳанги тоҷик ифтитоҳ гардид.

***

3 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони франсавӣ ба нашр расид.

***

3 майи соли 2018 дар Душанбе ҳолати вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима гардид.

***

3 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид..

***

3 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

3 майи соли 2024 дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз гардида, то 5 май идома ёфт.

3 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии матбуоти озод.

***

Рӯзи Офтоб.

***

Дар Ҷопон – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Полша – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммадҷон Раҳимӣ -соли 1901 — шоир ва тарҷумони тоҷик, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934).

Май 3, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш